Олуча такси

Оиди ширкат

ҶДММ «Олуча Авто» – ширкати ҷавону ояндадори кишвар маҳсуб ёфта, тавонистааст ки дар муддати кутоҳтарин дар бозори хизматрасонии мусофиркашонӣ дар байни рақибон мавқеи хоси волоро, соҳиб гарадад.  Ҳайъати кормандон аз муттахассисиони меҳрубони муттаҳидшуда таҷассум ёфта тамоми кушишҳои худро баҳри қонеъ кардани дилхоҳ хоҳишҳои мизоҷон равона шудааст. Хадамоти мусофиркашонии мо соли 2017 ифтитоҳ ёфтааст ва барои мизоҷони худ ҳамчун «Олуча такси» муарифӣ мешавад. Ранги сурхи нишонии ташкилот (Logo) аз ранги меваи «Олуча» гирифта шуда, ранги сиёҳ бошад аз ҷиддӣ ва бошаҳомат будани сифати хизматрасонии ширкат, шаҳодат медиҳад.

Логотипи олучатакси нишон символ

Олуча Такси яке аз аввалин хадамотҳои таксии ташкилшуда дар пойтахти Тоҷикистон маҳсуб ёфта ба мардуми шаҳри ш. Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи он хизматрасонии ҳамлу нақли мусофиронро анҷом медиҳад.  Мо тамоми кушишҳои худро баҳри сифатанд баланд хизматрасонии соҳавии худро ба мардуми кишвар пешниҳод намудан равона менамоем ва дар ин асно атрофи 1000 мошини навтарини тамғаи  Hyundai-ро дар ҳолати тозаву озода ва омодабош нигоҳ медорем. Дар мо мошинҳои соли бароришашон аз 2018-ум инҷониб дар хизмати халқ равона шудаанд ва алҳол мо мошинҳои соли бароришашон 2021-ро барои истифода низ мешниҳод менамоем, ки кулли онҳо ба гуруҳи сифати мошинҳои муҷаҳазшудаи комфорт дохил мешаванд.

Шиори кории мо аз инҳо иборат аст:

  1. Бехатарӣ;
  2. Бароҳат
  3. Муносиб
  4. Боэътимод
  5. Сарфакорона

Муносибати масъулиятнок

Агар Шумо моро интихоб намоед, пас ин пеш аз ҳама интихоби бехатарӣ аст. Чунки тамоми автомобилҳои мо бо васоити ҷадиди алоқаю назоратӣ муҷаҳаз карда шудааст ва ин имконияти ба пуррагӣ идора кардани тамоми ҳолатҳо дар роҳро шаҳодат. Бар иловаи ин мо мошинҳои худро суғурта намудаем ва ин маънои онро дорад, ки дар ҳолати сар задани садама, натиҷа бар зарар нахоҳад буд.

Ба шарофати маркази таъмири мошинҳо ки молу мулки  хусусии ширкат аст мо тамоми мушкилоти техникиро дар ин пойгоҳ бо устоҳои ботаҷриба ва қисмҳои эҳтиётии аслӣ (оригинал) таъмир менамоем ва ин маънои онро дорад, ки тамоми мушкилоти марбут ба нигаҳдории техникӣ дар сатҳи баланд ҳалу фасл мешавад. Инчунин мо дар назди худ хадамоти махсус оид ба тоза нигаҳдори  мошинҳоро ташкил кардаем, ки мошинҳоро доимо дар ҳолати санитарӣ ва тозаву озода, омода менамоянд.

Назар ба муштарӣ

Мақсади мо ин пешниҳоди хизматрасонии соҳавии баландсифат ба муддати дуру дароз ба муштариёни худ аз ҷумла истиқоматкунандагони кишвари маҳбубамон, саёҳон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он фаъолияткунанда, мебошад, ки ҷумлаи чунин хизматрасониҳо аз инҳо иборат аст:

  • Ҳамлу нақли мусофир дар дилхоҳ вақт.
  • Боркашонӣ (ҳуҷҷаткашонӣ, туҳфабарӣ, ҳайвони хонагиро бурда расондан ва ғ).
  • Ронандаи ҳушёр тибқи дархост баъди маъракаҳо дастрас будан.
  • Таҳвили автомбобилҳои вайроншудаи дар роҳ дармонда ба устохона.
  • Таблиғи маҳсулотҳои корхонаҳои тиҷоратӣ дар воситаҳои таблиғии мо (часпонидани маводҳои таблиғӣ ба дарҳои қафои мошин, паёмакрасонӣ, пахши аудиороликҳо дар дохили салони автомобил, тақсимкунии маҳсулоти полиграфӣ);

Лек дар ин ҷо мо на ҳамаи имконоти хизматрасони худро навиштаем. Барои мизоҷони худ мо замимаҳои мобилиро таҳия кардаем, ки аз AppStore ва ё PlayMarket ройгон дастрас кардан мумкин аст. Ба ин васила ҳангоми насбу истифодаи он шумо дар назди дигар мизоҷони мо бартарият пайдо менамоед ва ҳар вақте, ки аз замима фармоиш медиҳед шумо соҳиби бонус мешавед ва дар ҳолати лозима аз ҳисоби бонус ҳаққи хизматрасониро метавонед пардохт намоед. Инчунин дар ҳолати зиёда аз 30 маротиба тавассути замимаи мобилӣ фармоиш додани мошин шумо рамзи мизоҷи «Тиллоӣ»-ро соҳиб мешавед ва иҷроиши фароиши шумо барои ширкат муҳимтарину оҷилтарин баҳогузорию хизматрасонӣ карда мешавад.

Инчунин дастрасии таксиро шумо тариқи маркази тамоси мо бо занг задан ба рақами кутоҳи 70 00  фармоиш дода метавонед. Кормандони маркази тамоси ширкат ба 3-забон (русӣ, тоҷикӣ ва ё англисӣ) метавонанд ба саволҳои шумо ҷавоб диҳанд. Дар ҳолати лозима фармоиши таксиро тавассути месенҷерҳо (WhatsApp, Telegram, Viber ) ва ё шабакаҳои иҷтимои низ додан мумикин аст.

Ошкоро

Мо софдилона ва ошкоро кор мекунем. Агар шумо хоҳед, ки хабарҳои тозаи “Олуча Такси” -ро аз саҳифаҳои иҷтимоӣ, ба монанди Instagram, VK, Facebook, Ok, Youtube дастрас намоед пас обуна шавед.

Агар шумо оид ба кори мо ягон саволе дошта бошед, пас ба сӯҳбати онлайн равед, ба мо тавассути почтаи электронӣ нависед ё танҳо шакли пурсишро пур кунед. Менеҷерони мо дархостро саривақт коркард мекунанд ва метавонанд мушкилотро ҳал намоянд.

Ҳамкорӣ

Агар шумо хоҳед, ки дар як ширкати бонуфузи муосир ва босуръат рушдёбанда кор кунед, инчунин даромади мӯътадил, вале доимӣ дошта бошед, пас мо ба шумо пешниҳод менамоем, ки ронандаи “Олуча Такси” шавед. Мо мошинҳоро ба мӯҳлати 4 сол бо шарти хариди минбаъда ба насия (кредит) пешниҳод менамоем. Ҳайъати кормандон аз муттахассисиони меҳрубони муттаҳидшуда шуморо интизор аст!