Олуча такси

Ба ронандагон

Бо назардошти талаботи афзоиш дар бозор барои интиқоли мусофирон ва борҳо, хадамоти Олуча Такси хизматрасонии худро дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон васеъ менамояд ва аз ин рӯ, ба ронандагони касбии дорои таҷриба доимо ниёз дорад. Хадамоти мо дар бозори нақлиёти мусофирбарӣ аз соли 2017 инҷониб фаъолият дорад ва аллакай таҷриба ва имкониятҳои кофӣ ба даст овардааст, ки то малака ва дониши худро бо шумо низ омузонад. Бо дохил шудан ба ташкилоти мо, шумо на танҳо худро бо кор таъмин мекунед, балки инчунин тасаллӣ ва нерӯи мусбӣ ба даст меоред.

Мо шартҳои ҳамкории ҳамҷояро пешниҳод менамоем. Ширкати таксии мо мошинҳои навтарин дорад, шумо онҳоро истифода мебаред ва то андозае баҳраву баракат мегиред. Дар паҳлуи бинои маъмурии мо маркази хизматрасонӣ мавҷуд аст, ки дар он шумо метавонед мошини Hyundai-и худро дар ҳолати зарурӣ таъмир намоед ва дар ҳолати вайроншавӣ, танҳо қисмҳои эҳтиётии тамғавиро иваз кунед. Инчунин нуқтаи шустушӯи мошин муҳаё  шудааст, ки дар он ҷо бо нархи арзон мошинро дар муддати кӯтоҳ шустушӯ ва тоза мекунанд.

Дар доираи қонунҳо ва расмиёти дохилии ширкат ронандагон бо либоси махсус, нармафзор (навигатор) ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Хадамоти таксии мо бо ташкилотҳои молиявӣ (АлифБонк ё Бонки Эсхата) ҳамкорӣ менамоянд ва мошинҳоро ба насия (қарз) бо шарти баргардонидан дар тӯли 4 сол пешниҳод менамояд. Дар айни замон мо навтарин бренди мошинҳои Hyundai-и соли бароришашон 2021 -ро пешниҳод менамоем. Нақшаи ҳаррӯзаи пардохти насия вобаста ба як қатор омилҳо, ки алоҳида муҳокима карда мешаванд, аз 150 то 200 сомонӣ мебошад.

Ронандагоне, ки худ мошинҳои сабукравии шахсии истеҳсоли Аврупо, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ё Ҷопони ки сину солашон аз 5-сол зиёд нест, низ метавонанд бо мо кор кунанд ва дар ҳайати дастаи муваффақи ҳазорнафараи ронандагон шомил бошанд.

Шахсони зерин барои кор ардан дар хадамоти мо новобаста аз ҷинс ва миллат метавонанд муроҷиат намоянд:

  1. Шаҳрвандони Тоҷикистон (Асос – Шиносномаҳои пластикӣ);
  2. Синну соли аз 21 то 61 сола;
  3. Таҷрибаи ронандагӣ аз 3 сол;
  4. Ашхосе, ки забони тоҷикӣ ва русиро медонанд (асос – шаҳодатномаи таҳсили мактаби миёна);
  5. Доғи судӣ надошта. Маълумотнома аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Маркази асосии иттилоотию таҳлилӣ) метавонад ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ хизмат кунад;
  6. Аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ солим (Асос – Маълумотномаи шакли 0.83 (ш) ва маълумотнома аз Маркази наркологӣ);
  7. Касоне, ки таърихи қарзии мусбат доранд (Маълумотнома аз Бюрои таърихи қарзии Тоҷикистон);
  8. Аз ҷиҳати молиявӣ бояд қобилияти пардохти як қисми арзиши мошинро дошта бошад (Шаҳодатномаи пешпардохти бонкӣ дар ҳаҷми на кам аз 15,000 сомонӣ);
  9. Хушмуомила будан дар муошират бо одамони гирду атроф;
  10. Онҳое, ки мехоҳанд муддати дароз дар хадамоти таксии мо кор кунанд;
  11. Шаҳрвандоне, ки ба сиёсати роҳбарияти ширкати Олуча Такси содиқона рафтор менамоянд.

Оид ба автокредит (насия): +992 93 185 7000 занг занед.