Олуча такси

Таблиғот

Олуча Такси ба ташкилотҳо ва соҳибкорон барои пешниҳод кардани таблиғи худ майдонҳои самараноки таблиғотиро пешниҳод менамояд, то ки онон ба ин васила муштариёни хоси худро дарёфт намуда, тиҷорати худро бештар рушд ва афзоиш диҳанд.

Мо майдонҳои зерини таблиғотиро пешниҳод менамоем:

  1. Часпондани маводи таблиғотӣ ба дарҳои қафои мошинҳо. Ҳарду дари қафои мошинҳои сабукрави мо тақрибан 2 метри мураббаъро ташкил медиҳанд ва нархи ҷойгир кардани ба ҳар ду дари қафо, барои як моҳ ҳисоб карда мешавад. Ин навъи таблиғ бидуни андоз аст (дар муқоиса бо таблиғи беруна – баннер). Дар парки таксиҳои мо, дар ҳудуди ш. Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҳамсояи пойтахти Тоҷикистон, ки шумораи аҳолиашон ба маротиб зиёд аст, тақрибан 1000 мошини навтарини ширкати Олуча Такси ҳаракат мекунанд. Мо оракалро ҳамчун маводи часпанда истифода мебарем ва мӯҳлати хидмати онҳо метавонад то 1 сол ё бештар аз он бошад. Мошинҳои мо доимо тоза нигоҳ дошта мешаванд, ки ин кафолати ҷолибияти баланд ва натиҷа додани таблиғоти шумост.
  2. Ҷойгир кардани маводҳои таблиғотӣ дар салон. Ҳамчун ҷойи ҷойгиршавӣ, мо тавсия медиҳем, ки пушти сарпӯшҳоро истифода баред, ки дар он шумо метавонед маводи таблиғотии худро часпонед ё маводи чопшударо (буклет, варақа, маҷалла) дар пушти курсиҳои нишасти ронанда гузоред. Шумо инчунин метавонед маводи таблиғотии худро ба торпедаҳои таксии мо часпонед. Нозукии ин навъи таблиғ дар он аст, ки он барои эълони аксияҳо, фурӯшҳо, таблиғоти мавсимӣ мувофиқ аст. Ин ҳам қулай аст, зеро муштарии эҳтимолӣ метавонад ин навъи таблиғро бо худ барад ва дар байни шиносонаш тақсим намояд ва сабаби афзоиши таблиғи шифоӣ гардад.
  3. Аудио роликҳо. Дар смартфонҳое, ки дар дохили салони мошинҳои мо насб карда шудаанд, вақте мизоҷон савор мешаванд, овози хуши аудиоӣ бо овози шахс оғоз меёбад, ки пас аз он мо метавонем барои таблиғоти шумо аудиоролик сохта, ба барнома насб намоем ки муштариён метавонанд шунаванд ва эҳтимолан мизоҷони махсуси шумо шаванд. Фармоиши ҳадди аққал барои ин намуди таблиғ аз 10 ҳазор маротиба иборат аст.
  4. Ирсоли SMS. Мо метавонем дар як моҳ садҳо ҳазор паёмҳои SMS-иро ба муштариёне, ки тавассути маркази тамос ё замимаи мобилӣ, хизматрасониро фармоиш додаанд, фиристем. Мо 2 намуди фиристодани SMS-ро пешниҳод менамоем: то 25 аломат бо нархи нисбатан дастрас ва паёмакҳои то 70 аломат бо ҳуруфи кириллӣ.

Барои гирифтан маълумот оид ба нархҳои таблиғ, лутфан аз сомнонаи мо ба суроғаи https://olucha.tj/tj/tarofa-o/ назар намоед. Мо инчунин имконоти ҳисоббаробаркунии мутақобиларо дар робита ба масъалаи ҷойгиркунии таблиғ дида баромада метавонем. Барои фармоишҳои дарозмуддат ва хос, тахфифҳои махсус пешниҳод менамоем.

Барои таблиғ, шумо метавонед бо мо тавассути телефон / паёмрасон: (+992) 93 548 8000 ё бо почтаи электронии: reklama@olucha.tj тамос гиред.