“Олуча такси” доираи васеи хидматрасониҳоро пешниҳод менамояд ва мо барои ҳар як муштарӣ, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ боз ҳастем. Шубҳае нест, ки ҳар як сокини пойтахти Тоҷикистон аз хидмати такси истифода мекард, зеро баъзан ин чизест, ки алтернативи ба он вуҷуд надорад.
Мо ба шумо беҳтарин хадамот дар шаҳр, ронандагони касбӣ, мошинҳои тозаву бароҳат, саривақтӣ ва бомасъулиятро пешниҳод менамоем, ки бартариҳои мо ба ҳисоб мераванд. Далели он шумораи зиёди муштариёни доимӣ мебошад, ки аз мо комилан қаноатманд мебошанд, инчунин ҳузури шарикони калони корпоративии Tcell, “BDOConsulting”, “Babilon-M”, “Радиои Озодӣ”, “Табибони Бидуни Марз”, “Saferworld”, “TGEM”, Супермаркет “Ёвар”, Супермаркет “Ашан”, Супермаркет “Пайкар” ва ғ.
Маълумоти муфассал дар бораи хидматрасониҳое, ки барои мизоҷони мо дастрасанд
Ғайр аз ҳамлу нақли стандартӣ, мо боз як қатор хидматҳои дигарро пешниҳод менамоем, ки дар байни онҳо ҳар шахс метавонад барои қонеъ кардани талабот ва ниёзҳои худ аз ин хидматрасониҳо истифода барад. Аз он ҷумла:
- ташкили ҳамлу нақли корпоративии кормандон, инчунин интиқол ба ҷои истироҳати коллективӣ, ҳамлу нақли инфиродӣ бо мошинҳои беҳтарин барои роҳбарони ширкатҳо ва ғайра;
- мошин барои интиқоли ҳайвоноти хонагӣ, ки дар халта ё қафаси махсус гузошта шудаанд, агар ба шумо муроҷиат кардан ба духтури ҳайвонот лозим ояд ё шумо ба беруни шаҳр рафтанӣ ҳастед ва намехоҳед ҳайвоноти хонагии худро дар хона танҳо гузоред;
- мулоқот дар фурудгоҳ, роҳи оҳан ё истгоҳи автобус. Ронандаи “Олуча такси” шумо ё оилаатон ва дӯстонатон, ҳамкорон ва шарикони тиҷоратиро бевосита дар назди бинои фурудгоҳ пешвоз мегирад, дар бурдани борҳо кӯмак мекунад ва дар муҳити бароҳат бидуни таъхир ба манзил мерасонад.
- Расонидани курерӣ. Шумо нома фармоиш додед ё ягон маҳсулот гирифтед, аммо вақт ва хоҳиши ба канори дигари шаҳр рафтан ва дар маҷмӯъ аз тарзи ҳаёти ҳаррӯза дур шудан нест. Ё ин ки ширкати шумо ба интиқоли бастаҳо, мактубҳо, ҳуҷҷатҳо ва ғайра ниёз дорад. Ронандагони мо ҳарчи зудтар борҳоро беталаф ва бехатар мегиранд. Мо инчунин омодаем, ки расонидани гул ё тортро ташкил намоем.
- ронандаи ҳушёр. Агар шумо бо ягон сабаб худ ё кормандони ширкати шумо мошинро идора карда наметавонанд ё намехоҳанд, аммо ба шумо лозим меояд, ки мошинро аз як ҷой ба ҷои дигар ронед, барои кӯмак ба “Олуча такси” тамос гиред; ронандаи ботаҷриба то суроғаи зикршуда дар муддати кутоҳ мошинро меронад.
- эвакуатсияи мошинҳо. Агар шумо ба вазъияти душвор дучор оед ва мошин аз кор монда бошад, мо омодаем онро то ба ҷои таъмир барем.
- таблиғи молҳо ва хидматҳо, бо гузоштани оракалҳои таблиғотӣ ба дарҳои қафои мошинҳои мо, фиристодани SMS, гузоштани клипҳои аудиоӣ дар салон, паҳн кардани буклетҳо ва дигар маҳсулоти чопӣ.
Тавре ки аз гуфтаҳои боло дида мешавад, мо на танҳо такси, балки хадамоти бисёрсоҳа ҳастем, ки метавонад мошини шумо ё парки корпоративиро иваз кунад, як қатор мушкилоти вобаста ба нигоҳдории мошинҳоро бартараф кунад (корҳои таъмир, пардохти суғурта, ёфтани ҷойи таваққуфгоҳ, хароҷот барои сӯзишворӣ, шустан, нигоҳдории гараж барои мошинҳои корпоративӣ ва ғ.). Мо ҳамеша аз муштариёни нав хурсандем, ки барои муколама боз ҳастанд ва шароити беҳтаринро барои ҳамкорӣ фароҳам меоранд. Инчунин фаромӯш накунед, ки шумо метавонед тавассути барномаи смартфони мо таксӣ фармоиш диҳед.