Олуча такси

Тарофаҳо

Хадамоти «Олуча Такси» бо назардошти рақобат дар бозор, сиёсати одилонаи нархҳоро риоя намуда, барои аҳолӣ тарофаҳои муносибро пешниҳод менамояд.  Барои муштариёни корпоративӣ, бо назардошти талабот ба хизматрасониҳои мо, нархҳои махсуси баркашидашуда дар асоси омилҳои иқтисодии арза ва тақозо пешниҳод менамояд.

НАРХИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МО:

  1. Интиқол.  Омадан то ба маҳалли ҷойгиршавии шумо ройгон аст. Муддати 5 дақиқаи аввали интизорӣ ройгон буда, дақиқаҳои дигар бо нархи 0,6 сомонӣ барои як дақиқа ҳисобида мешаванд.  Масофаи 3 километри аввал пас аз нишаст 10 сомониро ташкил медиҳад ва баъдан арзиши ҳар километри тайшуда бо нархи 2,5 сомонӣ / км дар миқёси шаҳри Душанбе ҳисоб карда мешавад.  Берун аз пойтахти Тоҷикистон, барои ҳар як километри тайшуда арзиши сафар бо нархи 4 сомонӣ барои ҳар як километр, ҳисоб карда мешавад;
  2. Интиқоли муштариёни корпоративӣ.  Мо барои муштариёни корпоративӣ хизматрасониҳои нақлиётиро дар ҳар гуна шароити мушкил пешниҳод менамоем.  Дар бораи мушкилоти нигоҳдории парки автомобилии худ фаромӯш кунед.  Хизматрасонии мо тибқи созишнома нархгузорӣ шуда ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад.
  3. Интиқоли ҷонварон.  Шумо бояд танҳо ҳангоми фиристодан диспетчерро огоҳ намоед ва мо ба шумо дар интиқоли ҷонварони хонагии дӯстдоштаатон кӯмак хоҳем кард.  Хизматрасонӣ ҳамагӣ 8 сомонӣ ҷамъ ба масофаи тайшудаи роҳ ҷамъ карда ҳисоб карда мешавад;
  4. Ронандаи ҳушманд.  Агар шабнишинӣ тӯл кашад ва шумо намехоҳед истироҳати худро халалдор кунед, ронандагони мо ба кӯмаки Шумо меояд ва мошини шуморо то суроғаи лозимӣ мебарад.  Арзиши хидмат барои 3 километри аввал аз 50 сомонӣ аст ва масофаи баъдина барои ҳар як км 2,5 сомонӣ мебошад.  Муддати 5 дақиқаи аввали интизорӣ ройгон аст, дақиқаҳои минбаъдаи интизор шудан 60 дирам/дақиқа ҳисоб карда мешавад.
  5. Дастрас намудан (хидмати хаткашон).  Хизматрасонии таҳвил бо нархи +8 сомонӣ бо назардошти роҳ ҳисоб карда мешавад.  Аммо ин хароҷот инчунин нархи хидмати нақлиётро вобаста аз масофаи тайшуда низ дар алоҳидагӣ дар бар мегирад.  Таҳвили мол аз шарикони мо ройгон аст.
  6. Эвакуатсия.  Нархи эвакуатсияи мошинҳо бо нархи 150 сомонӣ дар пойтахти Тоҷикистон мебошад ва берун аз шаҳри Душанбе вобаста ба омилҳои мушаххас алоҳида ҳисобу нархгузорӣ карда мешавад.  Хизматрасонӣ барои шахсоне пешниҳод карда мешавад, ки бо мошинашон мушкилӣ доранд ё бо сабабҳои дигар дар роҳ, дармондаанд;
  7. Интизорӣ ва интиқол: Интизорӣ дар фурудгоҳ, кӯмак дар интиқоли бағоҷ аз фурудгоҳ ба манзил (меҳмонхона, офис).  Нарх – 25 сомонӣ бо дарназардошти масофаи роҳи тайшаванда.  Ин маблағ хадамоти роҳкироро дар бар намегирад, ки аз рӯи масофаи тайшуда ҳисоб карда мешавад.
  8. Таблиғот.  Часпондани оракалҳои таблиғотӣ дар ҳар ду дари қафои мошин аз 370 сомонӣ арзиш дорад, аммо мо инчунин метавонем барои муштариёни махсус бо нархи инфиродӣ гуфтушунид кунем.  Ирсоли SMS паёмак то 25 аломат – аз2 дирам ва аз 4 дирам, агар то 70 аломат бошад.  Нархи пахши саптҳои аудиоӣ 20 дирам барои ҳар як сафар.
  9. Хизматрасонии техникӣ. Арзиши таъмири мошинҳои мусофирбари Хундай вобаста ба муракабии кор ҳисоб карда шуда ва дар алоҳидагӣ гуфтушунид карда мешавад.
  10. Шустушӯи мошинҳо. Нархи хизматрасонӣ барои ронандагони ширкат 10 сомонӣ ва барои сокинони пойтахт 20 сомонӣ аст.

Мо хизматрасонии таксиро пешниҳод менамоем ва беҳтарин мукофот барои мо ин қаноатмандии муштариён аст, ки такроран хизматрасонии моро  интихоб менамоянд. Мо хизматрасони аъло, расонидани ройгон ва арзиши беҳтарини ва сифати баланди таксиҳои худро пешниҳод менамоем.  Арзиши сафар бо километр ҳисоб карда мешавад.  Дар ин саҳифа шумо метавонед нархҳои маъмултаринро бубинед, ва мо метавонем нархи инфиродиро, ки ба шумо мувофиқтар аст, пешниҳод намоем.