Аввали ҳафтаи ҷорӣ дар дафтардории ҶДММ «Олуча авто» маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти «Олуча Таксӣ» дар нимсолаи якуми соли 2021-ум баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа ҳамаи роҳбарони воҳидҳои сохтории хадамот иштирок намуда аз рафти корҳои анҷомдодашуда дар 6-моҳи аввали соли ҷорӣ ҳисобот доданд, ки дар он оиди комёбиҳои ноилшуда ва муаммоҳои ҷойдошта баён карда шуданд. Мувофиқи ашхоси ҳисоботдиҳанда дар тамоми бахшҳои фаъолияти ширкат аз ҷиҳати ҳаҷм ва сифат пешравиҳо ба назар мерасиданд. Дар интиҳои ҷаласа оиди нақшаҳои фаъолияти бахшҳои маъмурии хадамот дар нимсолаи дувум низ баррасии масъалаҳо шуда гузашт.
Роҳбарияти хадамот ҷаласаро хотима бахшида ба ҳаммаи иштирокчиён супориш дод, ки дар нимсолаи дувуми соли ҷорӣ ҷиҳати рушд додани сифату ҳаҷми хизматрасонии ширкат ҳаммаи қуваҳоро сарфакорона, самаранок, саривақт ва дар доираи чаҳорчубаи санадҳои меъёриву ҳуқуқи кишвар ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шавад.