Олуча такси

Хабарҳо

Истгоҳи таксиҳои Олуча дар X-fit

Оё шумо ҳар рӯз дар маҷмааи варзишии X-fit тамрин мекунед, аммо вақти зиёдро дар нақлиёт сарф мекунед? Ширкати Олуча Такси хабари хушро барои роҳати мизоҷони азизамон эълон мекунад. Агар шумо хоҳед, ки ба маҷмааи варзишии саломатии X-fit равед ё ба хона баргардед, шумо ҳамеша метавонед аз хадамоти Олуча Такси истифода баред. Хадамоти мо таваққуфгоҳро дар …

Истгоҳи таксиҳои Олуча дар X-fit Муфассал »

Озмун барои ҷои кори “Мушовири маркази тамос”!

Хадамоти “Олуча Таксӣ” барои ҷалби 2 корманд дар вазифаи “Мушовири маркази тамос” барои духтарон ҷойи кори холӣ озмун эълон менамояд. Мушовири маркази зангҳо бояд чиро донад ва тавонад: Нутқи форам ва адабӣ; Донистани одоби муошират бо телефон; Донистани компютер ва истифодаи техникаи электронӣ; Муошират карда тавонистан; Муътадил нигоҳ доштани эҳсосот; Хадамоти мо яке аз ширкатҳои …

Озмун барои ҷои кори “Мушовири маркази тамос”! Муфассал »

Ба “Обшорон” бо “Олуча Таксӣ” ташриф оред

Дар ин фасли гарму мавсими обозӣ мо барои мизоҷони худ боз ҳам шароити мусоид фароҳам оварда истодаем. Ҳамакнун ҳар нафаре, ки барои обозӣ намудан ба Маркази хизматрасонии «Обшорон» меравад ва ё аз онҷо ба манзили худ сафар менамояд пас аз хизматрасонии мошинҳои Хадамоти «Олуча Таксӣ» метавонанд истифода намоянд. Мо тавақуфгоҳи махсусро дар даромадгоҳи  Маркази хизматрасонии …

Ба “Обшорон” бо “Олуча Таксӣ” ташриф оред Муфассал »

Сазоворгардӣ ба ҷоизаи нақлиётчии фахрӣ

Боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби Вазорати Нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони роҳбарикунанда ва ронандаҳои собиқадору беҳтарини Хадамоти «Олуча Такси» бо ҷоизаи нақлиётчии фахрӣ ба муносибати ҷашнгирии «Рӯзи Нақлиётчиён» мукофотонида шуданд ва ин шаҳодати эътироф шудан дар сатҳи давлат аз сифати баланди хизматрасонии ширкат,  мебошад. Ба ин васила мо барои комъёб шудани дастовардҳои худ ба кулли …

Сазоворгардӣ ба ҷоизаи нақлиётчии фахрӣ Муфассал »

Рӯзи нақлиётчиён муборак!

Хадамоти “Олуча Такси” ба ифтихори рӯзи кормандони нақлиёт, тамоми кормандони системаи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрик мегӯяд! Ҳар сол мо рӯзи 25-уми июл ҷашни касбии худро қайд мекунем ва дар ин замина таманнои амалӣ гаштани орзуҳои касбии шуморо дорем. Касби шумо қаноатмандӣ ва хурсандиро ба шумо ҳадя мекунаду хастагии шумо танҳо гуворо хоҳад буд. Инчунин …

Рӯзи нақлиётчиён муборак! Муфассал »

Маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти «Олуча Таксӣ»

Аввали ҳафтаи ҷорӣ дар дафтардории ҶДММ «Олуча авто» маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти «Олуча Таксӣ» дар нимсолаи якуми соли 2021-ум баргузор гардид. Дар ин ҷаласа ҳамаи роҳбарони воҳидҳои сохтории хадамот иштирок намуда аз рафти корҳои анҷомдодашуда дар 6-моҳи аввали соли ҷорӣ ҳисобот доданд, ки дар он оиди комёбиҳои ноилшуда ва муаммоҳои ҷойдошта баён …

Маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти «Олуча Таксӣ» Муфассал »

Иди Қурбон муборак!

Ҳамватанони азиз! Шуморо бо фарорасии ҷашни муқаддаси Иди Қурбон самимона табрик менамоем! Бигузор ҷашни Иди Қурбон ба ҳар хонадон, ба ҳар оила шодмонӣ, баракат, осудаҳолӣ ва саломатӣ оварад! Сулҳу субот ва ваҳдату оромӣ ҳамсафари мамлакати мо бод. Иди Қурбон муборак! Бо эҳтиром, хадамоти “Олуча Такси”

Эмгузаронӣ аз бемории Covid-19

Раванди эмгузаронӣ дар масъалаи пешгирӣ кардан аз бемории Covid-19 байни ронандагон ва кормандони Хадамоти «Олуча Такси» идома дорад. Барои иҷрои тартиботи бақайдгирӣ ба ҳар як ронанда гувоҳномаи хос, дода шуда истодааст. Бо эҳтиром,Маъмурият.

Барои ишғоли вазифаи “Механики назоратӣ” даъват мекунем!

Барои ишғоли вазифаи “Механики назоратӣ” даъват мекунем! Хадамоти “Олуча такси” механики назоратӣ меҷӯяд. Талаботҳо: 1. Собиқаи кории на кам аз 1 сол; 2. Маълумоти олии касбӣ дар самти нақлиёт; 3. Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Хусусиятҳои хоси бовиҷдон, софдил, боинтизом, бодиққат, хушмуомила ва бомасъулият истиқбол мешаванд. Уҳдадориву вазифаҳои тарафайн тибқи шартномаи меҳнатӣ мувофиқа шуда, 8 …

Барои ишғоли вазифаи “Механики назоратӣ” даъват мекунем! Муфассал »

Барои ишғоли вазифаи «Сардори шуъбаи технологияҳои Иттилоотӣ» даъват менамоем!

Хадамоти «Олуча Такси» барои ишғоли вазифаи Сардори шуъбаи технологияи иттилоотӣ (IT) эълон менамояд. Довталабон бояд собиқаи кории на кам аз 1 сол ва маълумоти олии касбӣ дар бахши технологияҳои иттилоотӣ, дошта бошанд (Махсусан хатмкунандагони ДТТ ба номи Академик М.С. Осимӣ). Ташабусона ҳаллу фасли масъалаву муаммаҳои соҳавӣ дар мавриди ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ …

Барои ишғоли вазифаи «Сардори шуъбаи технологияҳои Иттилоотӣ» даъват менамоем! Муфассал »