Олуча такси

Озмун барои ҷои кори “Мушовири маркази тамос”!

Хадамоти “Олуча Таксӣ” барои ҷалби 2 корманд дар вазифаи “Мушовири маркази тамос” барои духтарон ҷойи кори холӣ озмун эълон менамояд.

Мушовири маркази зангҳо бояд чиро донад ва тавонад:

  1. Нутқи форам ва адабӣ;
  2. Донистани одоби муошират бо телефон;
  3. Донистани компютер ва истифодаи техникаи электронӣ;
  4. Муошират карда тавонистан;
  5. Муътадил нигоҳ доштани эҳсосот;

Хадамоти мо яке аз ширкатҳои ҷавону босуръат рушдёбанда мебошад, ки дар он зиёда аз ҳазор нафар мутахассисони дорои тахассуси гуногун кор мекунанд ва ба садҳо ҳазор нафар сокинони Душанбе ва ноҳияву шаҳрҳои тобеи марказ мусофиркашонӣ мекунанд.

Уҳдадориву вазифаҳои тарафайн тибқи шартнома мувофиқа карда мешаванд. Ҷои кор ш. Душанбе, куч. A. Қаҳҳоров, 111.

Номзадии духтарони аз 18 то 30-сола мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Аз донишҷӯён хоҳиш карда мешавад, ки муроҷиат нанамоянд.

Хоҳишмандон метавонанд маълумот дар бораи худро дар шакли CV ба суроғаи khayom@olucha.tj фиристанд.

Муҳлати қабули маълумотҳо то 17-уми августb 2021.