Олуча такси

Аъзошавии кормандони “Олуча Такси” ба Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 6-уми июли соли 2021 дар ташкилоти ибтидоии “Хизматрасон”-и ҶДММ “Олуча Авто” Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси Ҳизби Халқӣ Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе муҳтарам Абдураҳим Шоён, Мудири шуъбаи балиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҷабзода Эраҷ, Раиси хадамоти Олуча Такси – Саидзода Қурбон ва кормандони ширкат иштирок намуданд.

Дар маҷлиси мазкур оид ба як қатор масъалаҳо аз ҷумла дар бораи рафти татбиқи қарор ва нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи аз нав интихоб намудани Раиси ташкилоти ибтидоии “Хизматрасон” ва муовини Раиси ташкилоти ибтидоӣ ва дар мавриди таҳлили фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар самти нишон додани вокунишҳо ва пешбурди корҳои таблиғотӣ ва иттилоотӣ мавриди баррасӣ, гузошта шуд.

Роҳбарият ва кормандони хадамоти “Олуча такси” аз баргузор шудани маҷлиси васеи мазкур минннатдорӣ баён намуда изҳор намуданд, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки расии ҳизби номбаршударо ба роҳбарӣ доранд, дар ватани маҳбуби мо сулҳу ваҳдат пойдор мебошад ва ҳама гушаву канори Тоҷикистони азиз, руз аз руз рушд намуда истодааст, ки ин шароити мусоид барои фаъолияти касбиву соҳавии кулли бошандагони ин кишвари сабзу хуррам мебошад.

Дар интиҳои маҷлис ба кормандони нави хадамот дафтарчаҳо оид ба шомил шудан ба Ҳизби халқи Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида ва аксбардории хотиравӣ карда шуд.