Олуча такси

Ҷавоб ба шарҳи хейтерҳо

Ҳамдиёрони азиз! Чӣ хеле ки Шумо хабар доред алҳол аз ҷониби Хадамоти «Олуча такси» чорабинии «Бурд» эълон карда шудааст ва аксари мардум инро бо хушнудӣ қабул карда, ба дустону шиносони худ низ ин навигариро хабар медиҳанд, ки нишонаи софдилонагӣ ва меҳанпарастии онҳо мебошад.

Мутаасифона баъзе нафароне ҳастанд, ки нисбати чорабинии мазкур бешарафона ибрози ақида намуда дар шарҳи маводҳои гузоштаи мо дар шабакаи интернет фикрҳои манфии худро беасос нисбати чорабинии «Бурд» бо забони русӣ баён менамоянд ва ба шаъни ташкилот ва умуман ҷамъияти кунунии Тоҷикистони рӯз ба рӯз рушдкунандаи мо, ақидаҳои торики худро паҳн менамоянд. Чунин нафарон дар шабакаи интернет худро ба таври ниҳонӣ нигоҳ медоранд ва пайваста мақсад доранд, ки зарар расонанд. Онҳо суханҳои худро таваккалӣ арз менамоянд ва ягон даделе ҳам барои баёнияҳои худ надоранд.

Барои ҳамин ҳам Хадамоти «Олуча такси» ба ҳамаи ҳамватанон маълумот медиҳад, ки чорабинии «Бурд», ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои наздик эълон карда шуда буд бо масъулияти баланд, шафоф, шукӯҳ, хурсандона ва олӣ анҷом дода ҳаммаи туҳфаҳоро барои танҳо ғолибони иштирокчиёни бурд санаи 10-уми сентябри соли 2021, диҳад. Барои аз байн бурдани шубҳа мо инчунин ҳар шаҳрванди ҳавасмандро барои иштирок дар аъзои комиссияи Бурд таклиф менамоем!

Барои аз байн бурдани шубҳаҳо мо ҳатман раванди бурдро мустақиман тариқи саҳифаи расмии фейсбук пахш хоҳем кард. Барои мутмаин будани муштариён ва умуман ҳар нафари ҳавасманд мо шафофияти бурдҳои қаблии худро дар саҳифаҳои иҷтимоии худ гузошатем, ки дар зер суроғаи онҳо навишта шудаанд ва бо онҳо шумо шинос шуда метавонед.

https://www.facebook.com/watch/live/?extid=NS-UNK-UNK-UNK-AN_GK0T-GK1C&v=249324056532350&ref=watch_permalink

инчунин https://www.facebook.com/watch/?v=2806815046245282&extid=NS-UNK-UNK-UNK-AN_GK0T-GK1C

Бо камоли эҳтиром,
Хадамоти «Олуча такси»
Тел (рақами кутоҳ): 48 701 10 10
Сомона: www.olucha.tj