Олуча такси

Рӯзи Ғалаба муборак!

Дар остонаи рӯзи пирузӣ бар фашизм, ҶДММ «Олуча Авто» ҳамаи ҳамватанони азизро ба муносибати 76-умин солгарди иди Ғалаба табрик мегӯяд!

Мо дар назди корнамоиҳои Қаҳрамонони ҷанг сари таъзим фуруд меорем ва ҳамеша дар хотир хоҳем дошт, ки ба туфайли чӣ гуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муввафақ шудаем.

Ин ҷашн дар дилҳои мо ҳамчун рамзи қаҳрамонӣ сабт гардидааст!

Ба ҳамаи ҳамватанони азиз сулҳу салоҳ, тани сиҳат ва тамоми хушиҳои зиндагиро хоҳонем!