Дар ҳамбастагӣ бо ширкати Lukoil мо эътиборан аз санаи 28-уми июни соли 2021 иқдоми “Интихоби ман – GENESIS”-ро роҳандозӣ карда истодаем, ки муддати 45-руз идома медиҳад ва дар он шумораи зиёди туҳфаҳо аз ҷумла, ноутбуки тамғаи Dell, телевизори Smart 4K, чангкашак ва дигар мукофоти арзишманди моддӣ, байни ронандагон ҳамчун бурд интизоранд.
Зиёда аз садҳо нафар ронандаи пешқадами Хадамоти «Олуча такси» равғани муҳаррики GENESIS-ро ройгон гирифта истодааст ва ин ронандаҳо дар сархати нафарони пурмасъул, фаъол ва ҷумла беҳтаринҳо дониста шуданд. Шаҳодати ин гуфтаҳо таблиғоти аудиоии дохили нақлиёти ширкат садодиҳанда ҳангоми сайри мизоҷон шунидан мумкин аст. Инчунин варақаҳои дар шишаҳои мошинҳо часпонидашуда мебошанд. Иловатан барои мизоҷони худ мо варақаҳои тахфифӣ (купон) тақдим намуда истодаем, ки мизоҷон низ аз он истифода бурда равғани муҳарики Лукойлро ба андозаи 5% арзонтар метавонанд аз намояндаи ширкати Лукойл дар Тоҷикистон, харидорӣ намоянд.
Мо ҳаммаи кушишҳоро баҳри беҳтар кардани шароити фаъолияти меҳнатӣ ва баланд кардани ҳавасмандии ронандаҳои худ ва ба ин васила ба беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ барои аҳолӣ пайваста чораандешӣ намуда истодаем.
Фурсатро ғанимат дониста марҳамат намуда ба ҳайати ронандагони “Олуча такси” ҳамроҳ шавед. Ронанда будан дар «Олуча такси» ифтихор, судманд ва муфид аст!
Дар навбати худ мехоҳем ба мудирияти ширкати Lukoil миннатдории худро расонем, ки дар ин бозор моро ҳамчун хадамоти беҳтарин дар байни ширкатҳои хизматрасонии мусофиркашони таксӣ эътироф ва интихоб карданд. Роҳбарияти “Олуча такси”, тамоми кушишҳоро баҳри идома додани ҳамкориро бо ин ширкати хориҷӣ чораандешӣ менамояд ва ин, ягонаву ниҳоӣ нест.
Бо эҳтиром,
Маъмурияти «Олуча такси»
www.olucha.tj
тел: 7000